ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Тоҷикистон мавсими кишти чигит оғоз ёфт. Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки хоҷагиҳои пахтакори вилоятҳои Суғд ва Хатлон аввалин шуда, ба маъракаи кишт шурӯъ намуданд. Имсол барои кишти пахта 183,4 ҳазор гектар замин ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 14,5 ҳазор гектар зиёд аст. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки имсол маъракаи кишти пахта нисбат ба порсола як моҳ пеш оғоз ёфт. Аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ соли 2009 ба хориҷи кишвар ба маблағи 99,7 миллион долллари ИМА 86,6 ҳазор тонна нахи пахта фиристода шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






