ОҒОЗИ ЛОИҲАИ НАВИ ТАҶДИДИ БЕМОРХОНАҲО

Март 16, 2010 14:42

Душанбе, 16  март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). —  Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010 аз тарафи Вазорати тандурустӣ амали мегардад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Консепсия бо мақсади беҳтар намудани идоракунӣ ва саводнокии мутахассисон дар марҳилаи худ такмил ва беҳтар намудан, иваз намудани таҷҳизот, омўзонидани мутахассисонро дар бар мегирад.  Оғози лоиҳаҳои наве, ки  дар вилояти Хатлон амалӣ мегарданд, ин беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кўдакон дар вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон/Барномаи тандурустӣ – Бонки Олмонии Рушд, маблағгузорӣ аз тарафи Бонки Олмонии Рушд бо ҳамкории Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Мақсади барномаи Бонки Олмонии Рушд ин беҳтар намудани сатҳи саломатии аҳолии вилояти Хатлон ва расидан ба мақсадҳои IV ва V ҳадафҳои рушди Ҳазорсола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақсади асосии ин барнома барои беҳтар намудани дастрасӣ ба   хизматрасонии сифатноки тиббӣ ба модарону кўдакони аҳолии вилояти Хатлон мебошад.  Дар вилояти Хатлон 3 Беморхонаи вилоятӣ, 1 Беморхонаи шаҳрӣ, 26 Беморхонаи ноҳиявӣ ва 76 Беморхонаи деҳотӣ вуҷуд доранд.   Таъмир ва таҷҳизонидани шўъбаҳои гинекологӣ ва акушерӣ, омўзонидани мутахассисон дар 10 беморхонаҳои таҷрибавӣ ба беҳтар шудани сатҳи сифатнокии хизматрасонии тиббӣ, таъмини мўътадили миқдори катҳо, кам кардани миқдори рўзҳо дар статсионарҳо, беҳтар намудани истифодаи таҷҳизоти тиббӣ дар вақти қўмак расонидани хизматрасониҳои тиббӣ расонида мешавад.      

Март 16, 2010 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид