РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ ДАР ИДИ НАВРӮЗ
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки вобаста ба таҷлили иди баҳор — Наврӯз дар мамлакат аз 20 то 25 март рӯзҳои истироҳат муқаррар карда шудаанд. Мувофиқи тақвим, 20 март рӯзи шанбе ва истироҳат мебошад. Вале 21 март, ки рӯзи ид аст, ба рӯзи якшанбе рост меояд. Бинобар ин, мувофиқи қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи истироҳат ба рӯзи дигар, яъне ба рӯзи 25 март гузаронида мешавад. Мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев зикр намуд, ки ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои иди Наврӯз 6 рӯз истироҳат мекунанд. 26 март рӯзи корӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






