ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР ДАНҒАРА

Март 19, 2010 09:53

Ноҳияи  Данғара,  19 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари  Абӯбакр,  Дилшода  Ҷонмардова). – Тибқи  анъана, иди  Наврӯз  ҳар  сол  дар  яке  аз   минтақаҳо  ё  шаҳрҳои  Тоҷикистон  ҷашн  гирифта  мешавад. Иди Наврӯз  имсол дар  ноҳияи  Данғараи  вилояти  Хатлон баргузор  мегардад. Дар он Президенти  ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  меҳмони  олиқадр – Президенти  Туркманистон  Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов  иштирок  мекунанд, ки  барои боздиди  давлатӣ  ба  Тоҷикистон омадааст. Эмомалӣ  Раҳмон ҳамроҳи  Президенти  Туркманистон  субҳи  имрӯз ба  ноҳияи  Данғара омаданд. Мухбирони  АМИТ «Ховар»  аз  ноҳияи  Данғара  хабар  медиҳанд, ки барои таҷлили  бошукӯҳи  иди  Наврӯз  дар  ин  ҷо  барномаҳои  гуногун  тартиб  дода  шудаанд. Аз  ҷумла,  ғайр  аз  ташкили  сайру  гаштҳои оммавӣ,  мусобиқаҳои  гуногуни  варзишӣ  бо  иштироки  устодони  санъату  ҳунари  мамлакат   саҳнаи  бошукӯҳи  идона  намоиш  дода  мешавад. Дар  кӯчаю  майдонҳои  маркази  ноҳия  намоишгоҳҳо  ва  фурӯшгоҳҳои  маҳсули  дастони  устоҳои  халқӣ  ва   маҳсулоти  қаннодӣ  ташкил  карда шудаанд. Дар  ноҳияи  Данғара ба  шарафи  иди  Наврӯз  силсилаи  муассисаҳои  гуногуни  фарҳангию  иҷтимоӣ  ба  истифода дода  мешаванд.  Аз  ҷумла,  дар  рӯзи  ид   чойхонаи  миллӣ  дар  Боғи   фарҳангу  фароғати  маркази  ноҳия,  филиали  «Ориёнбонк»  дар  ноҳия,   маркази  калони тиҷоратӣ,  бинои   гимназия — интернат,  корхонаи  хишт  дар  деҳаи  Парқамчӣ ва ду   бинои 5 – ошёнаи  истиқоматӣ ба  истифода дода,  боғи  марказии   фарҳангу  фароғати  ноҳия ба  куллӣ тармим  карда  мешавад.  

Март 19, 2010 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид