ҚАРЗИ БОНКӢ — ОМИЛИ ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТИ ДЕҲҚОН
Бадахшон, 9 апрел. (АМИТ «ХОВАР», Лутфишо Додо).- Дар рушди соҳаи кишоварзӣ бонкҳои аграрии ВМКБ имдодгари деҳқононанд. Соли 2009 филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Ванҷ ба деҳқонон беш аз 210 ҳазор сомонӣ қарз дод. Деҳқонон бо ин маблағ тухмию сӯзишвори харида, корро пеш бурдаанд. Ба гуфти сардори идораи кишоварзии ноҳия Хушқадам Неъматов соли ҷорӣ андозаи қарзи бонкӣ ба деҳқонон беш аз 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин даврони бӯҳрони шадиди иқтисодию молиявӣ қарзи ин бонкҳо ягона роҳи беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти деҳқонон аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






