ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧАҲОРЧӮБАИ СҲШ ДАР САТҲИ БАЛАНД

Апрель 27, 2010 17:34

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). —  26 апрели соли 2010 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар рафти сафари расмии худ дар шаҳри Пекин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Муратбек Иманалиевро мулоқот анҷом дод. Дар оғози сӯҳбат М. Иманалиев роҷеъ ба фаъолияти имрўзаи созмон иттилоъ дода, дар бораи омодагии созмон ба чорабиниҳои қарибулвуқўъ ҷаласаи Шўрои Вазирони корҳои хориҷӣ ва нишасти Сарони давлатҳои узви созмон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ӯ ҳамчунин аз иштирокаш дар иҷлоси Котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ ёдовар шуда, натиҷаҳои онро муҳим арзёбӣ намуд. Дабири кулл аз сатҳи ҳамкориҳои созмон бо кишварҳои узв изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, хусусан ба ҳамкориҳои миёни СҲШ ва Тоҷикистон баҳои баланд дод. Вазир аз Дабири кулл барои маълумоти муфассал изҳори ташаккур намуда, дар навбати худ зикр намуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи СҲШ дар сатҳи баланд қарор доранд. Сипас ҳамсӯҳбатон вазъи сиёсии кишвари узви созмон – Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Вазир иброз дошт, ки ҳодисаҳои рўзҳои наздики Қирғизистон куллан кори дохилии ин кишвар мебошанд ва изҳори умед намуд, ки мардуми давлати њамсоя ва дўст мушкилии худро бе мудохилаи беруна ҳаллу фасл хоҳад кард. Худи ҳамон рӯз,  Зарифӣ бо гурӯҳи донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Пекин таҳсил мекунанд, вохӯрӣ анҷом дод. Дар аввал Вазир бо ҳар як донишҷӯ шинос шуда, аз шароитҳои донишгоҳ, вазъи таҳсил ва ихтисоси онҳо пурсон шуд. Сипас Вазир аз масъалаҳои ҷории дохиливу хориҷии кишвар сухан ронда, мавқеи кишварро дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии кишвар, аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, њалли масъалањои иҷтимоӣ, рушди фарҳангу маориф, роҷеъ ба сиёсати хориҷии давлат баён намуд. Дар қисми дуюми вохӯрӣ байни Вазир ва донишҷӯён муколама сурат гирифт ва дар рафти он муҳассилин ба саволҳои худ, ки қариб ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар таалуқ доштанд, посух гирифтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд.

Апрель 27, 2010 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад