А.УЛФАТОВ: «ДАР ҚУБОДИЁН 500 ҶОИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИС ДОДЕМ»

Апрель 29, 2010 15:55

Қӯрғонтеппа, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков). –Адулмӯъмин Улфатов дар нишасти хабариаш гуфт, ки дар давоми се моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Қубодиён 479 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки бештарашон ба соҳаи кишоварзӣ марбутанд. Раиси ноҳия иброз дошт, ки то 1-уми апрели соли ҷорӣ ба шӯъбаи агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии ноҳияи Қубодиён 232 нафар корҷӯён муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумор ба 190 нафарашон расман мақоми бекорӣ дода шудааст. «Аз 190 нафари бекори расман ба қайд гирифташуда, аллакай 160 нафарашон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд, ки 69 нафарашон занон мебошанд», — гуфт ӯ. Дар робита ба масъалаи сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия номбурда изҳор кард, ки кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 35 адад ҳолати ҷинояткориро ба қайд гирифтаанд, ки аз ин дутоаш ҷиноятҳои вазнин мебошад. «Аз ҷиноятҳои дар қаламрави ноҳия ба қайд гирифташуда, то ба имрӯз ҳамагӣ 14 ададаш ошкор гардида, нисбат ба 16 ҳолати дигар тафтишоти пешакӣ идома дорад», — иброз намуд раиси ноҳия. Абдулмӯъмин Улфатов афзуд, ки дар байни ин ҷиноятҳои ба қайдгирифташуда ҳолатҳои дуздии амволи ғайр дар байни ноболиғон, ҳамчунин қаллобӣ, авбошӣ ва муштзӯрӣ байни ҷавонону калонсолон бартарӣ доранд, ки ин нигаронкунанда мебошад.    

Апрель 29, 2010 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад