Э.РАҲМОН ДАР ШУРОИ МАШВАРАТИИ ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОӢ САРМОЯГУЗОРӢ

Апрель 28, 2010 16:12

Душанбе, 28 апрел. ( АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — Имрӯз, 28 апрели соли 2010, дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои саромоягузорӣ доир гардид.  Дар кори ҷаласа, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Оқил Окилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлубхон Давлатов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби масъули Шӯрои машваратӣ — Давлатали Саидов, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ — 3афар Ҳотамов, аз ҷониби бахши хусусӣ раиси Асотсиатсияи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон -3айд Саидов, раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содироткунандагон ҶТ – Некрой Забиров, раиси Асотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон  Изатулло Лалбеков, раиси раёсати Палатаи савдои ИМА дар Тоҷикистон  Маҳмадназар Шарипов, президенти ширкати «Тетис Петролеум Лимитед» — Дэвид Робсон, инчунин аз ҷониби шӯрои донорҳо роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон  Улф Ҳиндстром, роҳбари Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон – Ҷефри Леҳрер ва роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ — Венди Вернер ширкат намуданд. Дар ҷаласа, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки он аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазоӣ саромоягузорӣ таҳия карда шудааст. Лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои мазкур, як қатор тадбирҳоро нисбати боз ҳам беҳтар намудани фазоӣ умумии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва инчунин баланд бардоштани рейтинги байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар гирифтааст, ки он идомаи мантиқии ислоҳотҳои доиргардидаистода, аз ҷумла Барномаи «Беҳбудии фазоӣ сармоягузорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» мебошад. Мавриди зикр аст, ки қабул ва амалӣ намудани Нақшаи мазкур, имконият медиҳад то, ки рейтинги байналмилалии Тоҷикистон тибқи ҳисоботи Бонки Умумиҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» аз рӯи панҷ нишондиҳандаҳо ба монанди «савдои байналмилалӣ», «дастрас намудани қарзҳо», «андозситонӣ» «гирифтани иҷозат барои сохтмон» «таъсиси корхонаҳо» баланд бардошта шавад. Ҳамчунин лоиҳаи Нақшаи мазкур масъалаҳои пешбурди фаъолияти соҳибкориро тавассути соддатар намудани амалиётҳои лизингӣ, таҳияи стратегияи миёнамӯҳлати рушди истеҳсолоти маҳаллӣ ва ҳавасмандгардонии молистеҳсолкунандагони дохилӣ, дар худ таҷассум намудааст. Баъд аз анҷоми кори ҷаласа роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон  Улф Ҳиндстром, чунин зикр кард, ки « Ин як форуми муҳимест барои муҳокима намудани масъалаҳо оиди ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Президенти ҷумҳурӣ, сохтори хусусӣ, ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ва инчунин кишварҳои мададрасон. Масъалаи аввалине, ки мо дар ҷаласаи имрӯза муҳокима намудем ин қабули танзимоти нави фаъолияти Котиботи сохтори мазкур мебошад, ки он барои беҳтар намудани фаъолияти Котиботи мазкур мусоидат хоҳад намуд». Ҳамчунин дар ҷаласа, масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷумла Регламенти кории Шӯрои машваратӣ ва рӯзномаи кории ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шуд.  

Апрель 28, 2010 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!