МУЛОКОТИ Э. РАҲМОН БО АМИН АБДУЛЛОҲ ВА ДАТОПАДУКА ТИМОТИЙ ОНГ

Апрель 5, 2010 08:26

3 апрели соли 2010 нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Агентии сармоягузории Бруней Амин Абдуллоҳ ва Иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи рушди иқтисоди Бруней ҷаноби Датопадука Тимотий Онгро ба ҳузур пазируфт ва дар ду маросим оид ба муаррифии рушди иқтисодӣ ва сармоягузории ин давлат иштирок намуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, сарчашмаи асосии рушди иқтисодӣ ва воридоти  сармоя ба Бруней аз фурўши нафту газ ва сармоягузорӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷиҳати сатҳи зиндагии мардум Бруней на танҳо дар минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ, балки миёни ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ дар ҷойи аввал меистад. Зимни сўҳбатҳо ва пурсишу посухҳо аз ҷониби Бруней ба иштирок дар истихроҷ, коркард ва содироти захираҳои фаровони табиати Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Қарор карда шуд, ки барои омўзиши бештару наздиктари имкону захираҳои ҳамкории дуҷониба робитаҳо дар сатҳи вазорату идораҳо ва ниҳодҳои соҳибкорӣ густариш дода шаванд.  

Апрель 5, 2010 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид