ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИЯИ САДОҚАТ БА ВАТАН

Апрель 29, 2010 10:06

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абубакр). – 28 апрел бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 65-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар конфронс олимону муҳаққиқони таърих, собиқадорони ҶБВ ва донишҷӯён иштирок намуда, роҷеъ ба саҳми Тоҷикистон дар фронт ва ақибгоҳ, аҳамияти байналхалқии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ бар Германияи фашистӣ ва корномаҳои тоҷикон дар ин ҷанг маърӯза карданд. Қайд гардид, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Баргузории ана ҳамин конфронси илмию  назариявӣ низ ба хотири он аст, ки насли имрӯз аз қаҳрамониҳои ҷанговарони шӯравӣ, аз корномаҳои аҷдоди меҳанпарвари худ бархурдор бошад, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва анъанаҳои ҷангии падарону бобоёни сарбаландамон тарбия ёфта, хотири шаҳидони ҷангро ҳамеша пос дорад. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ ба иди Ғалаба бо суръат ҷараён дошта, таъмиру тармими «Гулгашти қаҳрамонон»,  Кохи ёдгории шаҳидони ҷанг, ободонии Боғи Ғалаба, лавҳаҳои ёдгорӣ, гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳамин қабиланд.  

Апрель 29, 2010 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид