ДАР ДУШАНБЕ ДАРМОНГОҲИ ПӮСТУ МӮЙ БУНЁД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 5 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим гирифтааст, ки дар Душанбе як дармонгоҳи тахассусии пӯсту мӯйро бунёд созад. Ин ва дигар масъалаҳои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Қашқовӣ 5 май дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар мулоқот Руқия Қурбонова ба сатҳи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар бахшҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баҳои баланд дода, гуфт ки Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони тақвияти ҳар чӣ бештар ҳамкориҳои самарабахш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Мусоҳибон, ҳамзамон таҳкими ҳамкориҳои ҳар ду кишварро дар бахшҳои тандурустӣ, илму маориф, занон, ҷавонон, варзиш, хусусан дар мавриди таъсиси мадрасаи эронӣ ва муҷтамеъи техникӣ дар Душанбе баррасӣ карда, пешниҳодҳои судманд ироа доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






