Э. РАҲМОН ДАР ИҶЛОСИЯИ 37 – УМИ СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ СУХАНРОНӢ МЕКУНАД
18 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 37 – уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ иштирок ва суханронӣ мекунад. Иҷлосияи 37 – уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ кори худро субҳи имрўз дар Кохи Сомони бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз намуд. Барои иштирок дар ин иҷлосия ҳайатҳои расмӣ аз ҳамаи 57 давлати аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ва шумораи зиёди намояндагон аз кишварҳои нозир, созмонҳои сершумори минтақавию ҷаҳонӣ ва меҳмонони сатҳу зинаҳои гуногун аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд. Худи ҳамин рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии «Пойтахти фарҳанги исломӣ» эълон намудани шаҳри Душанбе иштирок намуда, як қатор вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳою созмонҳои минтақавию ҷаҳониро ба ҳузур мепазирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






