ФАЛОКАТИ ҲАВОПАЙМО ДАР АФҒОНИСТОН
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар»). — Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавонавардии «Помир Айрвайз» — и Афғонистон, ки 44 мусофир ва 5 сарнишин дошт, дирӯз дар қисмати шимолии Кобул ба фалокат дучор шуд. Ҳавопаймо аз вилояти Кундуз ба шаҳри Кобул парвоз мекард. Сардори политсияи фурудгоҳи байналхалқии Кобул Муҳаммад Осиф Ҷаббор хабар дод, ки фалокати ҳавопаймо дар минтақаи ағбаи Соланг қариб 100 километр дур аз пойтахти мамлакат дар кӯҳҳои Ҳиндукуш рух додааст. Намояндаи ширкати ҳавонавардии «Помир Айрвайз» Фаҳим Назарӣ зикр кард, ки алоқа бо сарнишинони ҳавопаймо баъди 10 дақиқаи парвози он қатъ гардид. Баъзе сокинони деҳоти ағбаи Соланг хабар доданд, ки бегоҳии дирӯз дар минтақаи кӯҳистон садои таркиши сахтро шунидаанд. Намояндаи дастаи посбонони ҳавоии НАТО, капитан Роберт Лиз хабар дод, ки ҷустуҷӯи ҳавопаймо бо сабаби вазъи номусоиди ҳаво қатъ карда шуд. Маҳалли фалокатро тумани ғафс фаро гирифтааст. Бинобар ин парвози чархболҳо ва ҷустуҷӯи шикастапораҳои ҳавопаймо имконнопазир аст. Вазорати мудофиаи Афғонистон фармон дод, ки ба ҷустуҷӯи ҳавопаймо шурӯъ карда шавад. Вале ин айни ҳол имконнопазир аст. Айни ҳол дар ағбаи Соланг ва кӯҳҳои атрофи он барф меборад, дар роҳҳои кӯҳистон хавфи фуромадани тарма вуҷуд дорад. Тибқи хабарҳои расида, субҳи имрӯз дар Кобул ва вилоятҳои қисми шимолии Афғонистон борон борида истодааст, суръати вазиши шамол торафт авҷ мегирад. Ҷустуҷӯи ҳавопаймо баробари мӯътадил гардидани вазъи ҳаво давом дода хоҳад шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






