ЛОИҲАИ НАВИ ГРАНТИИ «USAID»

Май 27, 2010 08:10

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи Рушди Самараноки Кишоварзӣ (USAID) –и Созмони Милали Муттаҳид барои 5 сол қабул мегардад. Ин барномаи 5 сола дар қисмати ғарбии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои атрофии Душанбе баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии маводи анъанавии кишоварзӣ; тарбузу харбуза, зардолую лимӯ, помидор, пиёз ва гӯшт,  инчунин баҳри пурқувват намудани фоиданокии сектори хусусии агробизнес дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Барои дастрас шудан ба грант кишоварзон, ассотсиатсияҳои фермерӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ширкатҳои ҳамлу нақли маводи истеҳсолкардаи кишоварзӣ ҳуқуқи бештар доранд.

Май 27, 2010 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид