МАШВАРАТИ НАВБАТИИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ

Май 12, 2010 09:17

Душанбе,  12 май. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Рӯзҳои  13  ва  14  майи  соли равон  дар  шаҳри  Душанбе  машварати   навбатии панҷуми  намояндагон  ва  коршиносони  мамлакатҳои  аъзои Созмони  ҳамкории  Шанхай  баргузор  мегардад. Дар он   масъалаҳои тайёрӣ  ба  мулоқоти  сарони  давлатҳои  аъзои  созмон  баррасӣ  карда  мешаванд, ки  моҳи  июн  дар  Тошканд  гузаронида  хоҳад  шуд. Мизбони  асосии   иштирокчиёни  машварат  Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аст.  Дар он  бештар  аз  50   намояндаи  шаш  давлати  аъзои  созмон  — Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия,  Тоҷикистон, Ӯзбекистон, ҳайатҳои   давлатҳои   мушоҳид  ва  шарик   Муғулистон, Эрон, Ҳиндустон,  Покистон, Белорусия,  Шри – Ланка  ва  Афғонистон  ширкат  меварзанд. Иштирокчиёни  машварат  инчунин  масъалаҳои рушди  минбаъдаи  хамкории  аъзои  созмонро  дар  соҳаҳои  иқтисоду  сиёсат,  таъмини  амният   ва  қабули  мамлакатҳои  навро  ба  узвияти  созмон   муҳокима  хоҳанд  кард.  

Май 12, 2010 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд