МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МАНУЧЕҲРИ МУТТАКӢ
18 майи соли 2010 зимни сўҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ масоили шарикии гуногунсоҳаи стратегии ду кишвар баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ аз рушди муносибатҳои ду кишвар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки тавофуқоти муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат сари вақт ва босамар татбиқ мегарданд. Барои сохтмони бомароми нерўгоҳи Сангтўда – 2 ба роҳбарияти давлати Эрон арзи сипос карда шуд. Баргузор кардани музокироти коршиносони ду ҷониб оид ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолкунандаи пояҳои хаттҳои интиқоли барқ, чароғҳои камхарҷи барқӣ, трансформаторҳои пуриқтидор ва кабелҳои баландшиддат, бунёди корхонаи семент ва дигар корхонаҳои муштараки саноатӣ зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон бояд такони тоза бахшида шавад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






