ТАЪМИНИ ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати Энергетика ва саноат, дар чор моҳи соли 2010 дар корхонаҳои вазорати мазкур ба маблағи 675,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 39,4 фоиз зиёд аст. Дар корхонаҳои коркарди пахта бошад, дар ин давра маблағи маҳсулоти истеҳсолшудаи саноатӣ 129,6 млн.сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3 фоиз кам аст. Аз ҳама бештар корхонаҳое маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар ҳайати вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қарор надоранд. Истеҳсоли маҳсулоти ин корхонаҳо ба 987,7 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 12,4 фоиз зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ – апрели соли 2010 аз 872 корхонаи истеҳсолӣ 407 корхона аз сатҳи истехсоли моҳҳои январ – апрели соли 2009 бештар маҳсулот истехсол намуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






