ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ҶИРГАТОЛ

Май 18, 2010 08:40

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо дар ноҳияи Ҷиргатол барои амалисозии лоиҳа аз рӯи се компонент  263 зерлоиҳаро, ки самтҳои гуногуни рушди соҳаи кишоварзӣ  ва истифодаи оқилонаи захираҳои заминро дар бар  мегирад, пешниҳод намудааст. Маблағи умумии азхудкардашудаи зерлоиҳаҳо 710 ҳазору 963 доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Ба иттилои маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо, аз маблағи мазкур 4 ҳазору 259 хоҷагӣ бо ҷамъи 24 ҳазору 587 нафар  аҳолии ноҳия  манфиат мебардоранд. Асосан зерлоиҳаҳо ба соҳаи занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ ва сохтани чанд осиёб нигаронида шудаанд.            

Май 18, 2010 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид