ЯГОНА МАРКАЗИ КАСБӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Май 27, 2010 08:08

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба гуфти директори «Маркази омӯзиши калонсолон» -и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Алишер Фаромӯзов, дар давоми ду соли  мавҷудияти маркази мазкур,  дар чор филиали он дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод беш аз 8 ҳазору 600 нафар одамон аз рӯи 42 ихтисос соҳибкасб гардиданд, ки 70 фоизи хатмкунандагон  дар дохилу хориҷи кишвар аз рӯи ихтисосашон кору фаъолият мекунанд. «Маркази омӯзиши калонсолон» дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун муассисаи таълимӣ  барои тайёр кардани одамони калонсоли соҳибкасб ягона муассисаи давлатие мебошад, ки аз рӯи рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат шахсони соҳибкасбро тайёр мекунад. Марказ муносибатҳои хуби ҳамшарикиро бо давлатҳои Германия, Эрон ва Русия ба роҳ монда, дар соли ҷорӣ 2 ҳазор нафар аз курсҳои касбомӯзи мегузаранд. Дар назар аст, ки дар оянда шумораи ба курсҳо фарогирифташаванда 2 баробар зиёд карда мешаванд.

Май 27, 2010 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд