ҶИНОЯТКОРОН ДАСТГИР ШУДАНД
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Аризаи шаҳрванд Олимҷон Ашурови 27 — сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Коммунизм, деҳаи Қалъачаи-Араби шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан ворид гардид, ки 9 июни соли равон соати тақрибан 21 шахсони номаълум дар ҳудуди автовокзали шаҳри Истаравшан, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ аз ӯ маблағи пулӣ 200 доллари ИМА-ро тамаъҷӯӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Тибқи иттилои корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи бахши кофтукови ҷиноии вилояти Суғд шаҳрвандон Муродҷони Яҳёзода соли таваллудаш 1992, бекор, Ҳасан Азимов соли таваллудаш 1991, бекор, Бобурҷони Эгамберди соли таваллудаш 1991, бекор, Элмурод Алимов соли таваллудаш 1991, бекор ва Ғайратҷон Турсунов соли таваллудаш 1991, бекор, сокинони шаҳри Истаравшан, ҳамчун гумонбар дастгир карда шудаанд. Нисбати ин шахсон парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 250 (қ.2) КҶ ҶТ оғоз карда шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






