БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ БАРҚАРОР СОХТАНИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Июнь 24, 2010 12:11

Душанбе,  24 июн. (АМИТ «Ховар»). —  Намояндагони  мамлакатҳои  аъзои  Шӯрои ҳамоҳангсози  энергетикии  Осиёи  Марказӣ  имконияти  барқарор  сохтани  системаи  ягонаи  муттаҳидаи  энергетикии  минтақаи  Осиёи  Марказиро  баррасӣ  менамоянд.  Дар  ин  бора  раиси  ширкати  идораи   шабакаҳои  барқи Қазоқистон  Алмасадам  Саткалиев  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. Бояд  гуфт, ки  ба  Шӯрои  ҳамоҳангсози энергетикии  Осиёи  Марказӣ  Қазоқистон,  Қирғизистон, Тоҷикистон  ва  Ӯзбекистон  дохил  мешаванд. А.Соткалиев  ба  журналистон  хабар  дод, ки  23  июн  масъалаи  мазкур  дар  Алмаато  муҳокима  карда  шуд. Ба  қавли  А.Соткалие,  барқарор  сохтани  системаи  ягона ва  муттаҳидаи  энергетикии  Осиёи  Марказӣ  ба  бештар  гардидани эътимоднокии таъминоти   қувваи  барқ  дар  ҳамаи  мамлакатҳои  минтақа   мусоидат  менамояд. Ёдовар  мешавем, ки  соли  2009  дар  натиҷаи   ихтилофоти   системаҳои  энергетикии  Тоҷикистон  ва  Ӯзбекистон   фаъолияти   якҷояи   системаи  энергетикии  Осиёи  Марказӣ  халалдор  гардид.  Дар  натиҷа   системаи  энергетикии  Тоҷикистон  дар  мавсими  тирамоҳу  зимистони  солҳои  2009 – 2010   мустақилона  кор  кард. А.Соткалиев   зикр  кард, ки барои  баргардонидани   системаи  энергетикии  Тоҷикистон  ба   системаҳои  энергетикии  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  розигии  Ӯзбекистон  зарур  мебошад. Зеро  тамоми  қарорҳо  дар  Шӯрои  ҳамоҳангсоз  бо  розигии  ҳамаи  тарафҳо  қабул  карда  мешаванд. Муовини  аввали   раиси   ширкати «Барқи  тоҷик»  Баҳром  Азимов  изҳор  намуд, ки  Тоҷикистон  дорои   захираҳои  фаровони   энергетикӣ  буда,   имкон  дорад, ки   қувваи барқи  арзони  худро  ба  мамлакатҳои  дигари  Осиёи  Марказӣ  фурӯшад.  Вай  зикр  намуд, ки  ин  масъала  ҳамроҳи  намояндагони  мақомоти  дахлдори  Ӯзбекистон  ҳал  карда  мешавад. Мо  қарор  додаем, ки  гуфтушунидҳоро  дар  ин  бобат  давом  диҳем,  гуфт  Б.Азимов. Сардори   маркази  миллии   танзими   ширкати  «Ӯзбекэнерго»  Исо  Саъдуллоев  гуфт, ки   Ӯзбекистон  тайёр  аст,  гуфтушунидҳоро  дар  ин  масъала  давом  диҳад. Мо  имрӯз  кӯшиш  мекунем, ки  камбудию  ихтилофоти  соли  гузашта бамиёномадаро  бартараф  намуда,  фаъолияти  якҷояи   тамоми   системаҳои  энергетикии  мамлакатҳои  минтақаро  аз  нав  ба  роҳ  монем, гуфт  намояндаи  Ӯзбекистон.  

Июнь 24, 2010 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид