МАШВАРАТИ САРВАЗИР

Июль 16, 2010 16:52

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). —  15 июл таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба таъсис ва ташкили фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.   Дар машварат  нахуст ҳисоботи шахсони масъул доир ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла  ҳисоботи роҳбарияти маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» шунида шуд.   Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат айни замон минтақаҳои озоди иқтисодии Суғд, Панҷ, Данғара ва Ишкошим  таъсис дода шуда, вобаста ба роҳ мондани фаъолияти онҳо нақшаи чорабиниҳо таҳрезӣ шудааст.  Сарвазири мамлакат дар машварат таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба масъалаи  ҳарчи зудтар бунёд кардани инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, воридоти технологияи замонавӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ барои пурра ба фаъолияти воқеӣ оғоз кардани  минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷалб карда таъкид дошт, ки ба фаъолият оғоз кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз омилҳои муҳими пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ва дар  ин замина беҳтар гардонидани вазъи некӯаҳволии мардум шуда метавонад.   Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат вазифадор карда шуданд, ки барои таъсису ташкил ва фаъолияти   минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешанд.      

Июль 16, 2010 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд