МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 13 — умин солгарди иди ваҳдати Миллӣ дар боғи марказии фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба карате — кёкушинкай байни наврасон баргузор гардид. Дар мусобиқа ҷавонону наврасон аз шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳисор, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷалолиддини Румӣ ширкат варзида барои дарёфти ҷои аввал қувваозмоӣ намуданд. Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинии варзишӣ дар байни ҷавонон тарғиб намудани карате, муайян кардани узви дастаи мунтахаби шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон мебошад. Дар охир ғолибон ва беҳтарин варзишгарон, ки дар вазнҳои муайян ғолиб гардиданд бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ қадр гардиданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






