МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО РОБЕРТ СИММОНС

Август 31, 2010 15:33

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Паймони Атлантикаи шимолӣ (НАТО) Роберт Симмонсро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону НАТО баррасӣ шуд. Муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон, ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва масоили интиқоли транзитии борҳои ғайринизомии НАТО аз қаламрави Тоҷикистон  аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Аз ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчўби барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми Хазинаи боварии НАТО бо Тоҷикистон доир ба ҳамкорӣ дар нобудсозии аслиҳаи муқаррарӣ ва поксозии ҳудуди Тоҷикистон аз минаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Густариши ҳамкорӣ баҳри беҳсозии имконоти Тоҷикистон дар пешгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамчунин дастгирии бештари нерўҳои марзбон ва дигар сохторҳои дахлдори кишвари мо, ки масъулияти ҳифзи сарҳади тўлонӣ бо Афғонистонро бар ўҳда доранд, матлуб дониста шуд.       Дар мулоқот ҳамчунин оид ба имконоти мусоидат ба рушди  ҳамкории минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт 

Август 31, 2010 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид