«ҚИЁМИ РӮЗ» ДАР ҶОПОН
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд, шурўъ аз 17 то 26 сентябри соли 2010 дар шаҳри Фукуокаи кишвари Ҷопон фестивали байналмиллалии филмномаҳои бадеии Осиё баргузор гардид, ки дар он, ҳангоми интихоб намоиши 22 номгӯи филмҳои бадеии истеҳсоли мамолики гуногуни олам ба рўйхат ворид гардонида шуд. Дар ин миён, филми бадеии истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қиёми рўз», ки коргардони он Носир Саидов мебошад, тӯли се рўз ба намоиш гузошта шуда, сазовори баҳои баланди Фестивал гардид ва онро дар қатори дигар тамошобинони Ҷопон донишҷўёни тоҷики шаҳрҳои ин кишвар низ тамошо карданд. Мақсади фестивали мазкур, ки аз соли 1991 то инҷониб амал мекунад, ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намудани тарзи зиндагиву рўзгори мардуми Осиё, инчунин, кашфи истеъдодҳои ҷавону нишон додани муваффақияти кори онҳо мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






