ШУМОРАИ ФАВТИДАГОНИ ТАРКИШИ ХУҶАНД МАЪЛУМ ШУД

Сентябрь 3, 2010 16:43

     Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки ҳангоми таркиш дар назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғди ВКД ҶТ ба амаломада як нафар корманди раёсати мазкур, летенанти калони милитсия Маҳкамов Аюбҷон Камолович-инструктори дастаи махсуси зудамал, дар натиҷаи гирифтани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин, корманди дигари ҳамин раёсат, старшинаи милитсия Маёқубов Алиҷон Абдуллоевич-инструктор-тирандози хурди дастаи махсуси зудамал, ки дар назди даромадгоҳ адои хизмат мебурд ва кушиш дошт, ки автомашинаи ГАЗ24-ро нигоҳ дорад, беному нишон шудааст. Эҳтимоли зиёд ҳаст, ки ӯ низ ҳалок гардида бошад. Аз рӯи маълумоти пешакӣ дар дохили автомашинаи таркида ду нафар ҷинояткор қарор доштаанд. Аз рафти тафтишот ва натиҷаи санҷишҳо илловатан иттилоъ дода хоҳад шуд.      

Сентябрь 3, 2010 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид