ЗИЁИЁНИ СУҒД: «АМАЛИ НАНГИН МАРДУМИ МОРО БОЗ ҲАМ САРҶАМЪ МЕНАМОЯД»

Сентябрь 23, 2010 15:42

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Мо, аҳли илму адаби вилояти Суғд аз ҳодисаи фоҷеабори ҳуҷуми мусаллаҳона ба автомошини сарбозони Артиши миллӣ, ки нимаи рўзи 19 — уми сентябри соли равон дар ноҳияи Рашт рух додааст, андўҳгин буда, ба волидону наздикони нафарони дар ин воқеа ҳалокшуда изҳори тасаллияту ҳамдардӣ менамоем», — омадааст дар муроҷиатномаи зиёиён ва адибони вилояти Суғд. Гуфта мешавад, ки ин кирдори ноҷавонмардонаи нафароне, ки барояшон осоишу ободии кишвар, хонаи ободу дили шоди кӯдакон, сарсабзии меҳани азизу сулҳу осоиш арзише надорад, аз ҷониби аҳли зиёи вилоят маҳкум карда шуд. Мардуми мо ҳанӯз захмҳои фоҷеаи солҳои навадумро фаромӯш накардааст, он солҳо барои ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ, амнияту ҳамдигарфаҳмӣ  мардуми кишвар басо ҷонбозиҳо намуданд. Имрӯз  зери хатар гузоштани муҳити осоиштаву ороми кишвар аз ҷониби хиёнаткорони миллат кулли сокинони Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Барои ҳар фарди соҳибақли Тоҷикистон сулҳ, ваҳдат ва осоиштагӣ муқаддасу гиромист. Бинобар ин ҳифзи ин арзишҳои миллӣ, ки асоси пешравӣ, тараққиёт ва сарсабзии кишвар аст, вазифаи масъулиятноки ҳар кадоми мост. «Мо, аҳли кишвар — бовар дорем, ки ин амали нангину хиёнаткоронаи ашхоси хиёнатпеша мардуми моро боз ҳам сарҷамъ менамояд, Ваҳдати моро мустаҳкаму дӯстиамонро қавитар месозад. Миллати сарбаланди моро сарҷамъиву муттаҳидӣ ва боварӣ ба ояндаи дурахшон раҳнамун мешавад», — махсус таъкид шудааст дар муроҷиатнома. Ин муроҷиат бо имзои адибон ва зиёиёни шинохтаи вилоят Аҳмадҷони Раҳматзод, Атахон Сайфуллоев, Фарзона, Муҳиддин Хоҷазод, Аъзам Сидқӣ, Карим Абдулов, Муҳаммад Субҳон, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дигарон қабул гаштааст.  

Сентябрь 23, 2010 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид