ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ САФОРАТХОНАИ ТОҶИКИСТОН ДАР АФҒОНИСТОН

Октябрь 26, 2010 13:50

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрўз дар шаҳри Кобул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон расман ифтитоҳ ёфт. Чунонки аён гашт, бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 1 гектар замин дар яке аз манотиқи беҳтарини маркази шаҳри Кобул ҷойгир шудааст. Бино бо тарҳу намои замонавии худ ба ин мавзеи обрўманди шаҳри Кобул, ки минтақаи «Вазир Акбархон» номида мешавад, ҳусни тоза зам намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла изҳор дошт: — «натиҷаи кори кормандони ин сафорат бояд хеле беҳтар ва намоён аз пешина гардад, зеро шароити хуби кору зист барояшон ин ҷо муҳайё гаштааст». Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бошад, бо ибораи устод Рўдакӣ изҳор дошт: «Аз ин бино ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме, аз Тоҷикистони дўсту бародар». Сафорати Тоҷикистон аз бинои кории дуошёна, бинои истиқоматиии сеошёна бо 12 хонаи сеҳуҷрагӣ, бинои консулгарӣ ва бинои қабули меҳмонони расмӣ иборат аст. ҳамаи ин биноҳо бо тарҳи зебои замонавӣ, шароити хуби кору зиндагӣ ва ҳам фароғат бунёд ёфтаанд. Сарони ду давлати дўсту ҳамсоя – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз шароити хуби сафорат ва мавзеи ҷойгиршавии он, ки мутобиқ ба сатҳ ва мазмуни муносиботи дўстона ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя, ҳаммарз, ҳамзабон ва ҳамдил аст, изҳори қаноату хушнудӣ карданд. Ба гуфти чанде аз коршиносони афғон, Тоҷикистон ягона давлате аст, ки ба Афғонистон ҳеҷ зарар намеорад ва танҳо манфиаташ мерасад, Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад, касе аст, ки дар минтақа ва ҷаҳон аз манофеи мардум ва давлати Афғонистон ба таври шоиста пуштибонӣ мекунад». Онҳо ҳамчунин хулоса карданд: — «меарзад, ки ба Тоҷикистон барои бунёди сафораташ аз ин ҳам ҷойи бештару беҳтар дода шавад».

Октябрь 26, 2010 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад