РӮДАКӢ ҲАМ РӮЙ БА МАОРИФ ОВАРДААСТ
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби даромади буҷаи маҳаллӣ барои нигоҳдории роҳҳо ва барқарорсозии кӯпрукҳои ҷамоати деҳоти Эсанбой. 196 ҳазору 920 сомонӣ масраф шуда бошад, ба соҳаи маориф маблағи сарфгардида 4 млн. 544 ҳазору 588 сомониро ташкил додаст. Агар барои таъмири муассисаю корхонаҳо дар ин давра аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 3 млн. 830 ҳазору 946 сомонӣ маблағгузорӣ шуда бошад, аз он 2 млн. 668 ҳазору 283 сомониаш ба соҳаи маориф равона гардидааст. Барои таъмиру барқарорсозии каналу насосҳои обкашӣ дар 9 моҳи соли 2010 ҳамагӣ 325 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст,- гуфт сардори дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадии Салим ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҳамчунин, дар сохтмони мактабҳо дар деҳаҳои Заркамари деҳоти Чоргултеппа, Тиллоободи деҳоти Лоҳур ва Балхии деҳоти Султонобод 1млн. 332 ҳазору 880 сомонӣ ё 62 фоизи маблағҳои сохтмони асосӣ сарф гардидааст. Ин маънии онро дорад, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба соҳаи маориф бештар аҳамият медиҳанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






