ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, картошкапарварони ҷумҳурӣ аз майдони 12 ҳазору 356 га то 8 – уми ноябри соли ҷорӣ ҳосили майдони 10 ҳазор 165 га картошказор пурра ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2009 914 гектар зиёд аст. Вобаста ба дурнамо, соли ҷорӣ ҷамъоварии 253 ҳазору 309 тонна картошка дар назар аст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, айни замон 214 ҳазору 552 тонна ва ё 85 фоизи нақшаи кандани картошка иҷро гардидааст. Ҳосилнокии картошка дар соли ҷорӣ аз ҳар га ба 211,1 сентнерӣ расонида шуд, аммо ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон 169,4 фоизро ташкил медиҳад, ки миёни картошкапарварони ҷумҳурӣ пасттарин нишондиҳанда мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






