ҶОПОН ЛОИҲАҲОИ БУЗУРГҲАЧМРО МЕОМӮЗАД
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар давоми солҳои 1993 -2010 аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 140 млн. доллари амрикоӣ грант ва 41 млн. доллар кӯмаки техникӣ ҷудо шудааст. Дар баробари ин ҳамасола ба ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 14 млн. доллар грант ва дар ҳаҷми 4 – 5 млн. доллар кӯмаки техникӣ расонида мешавад. Агар то соли 2009 ҳамкории Ҷопон бо Тоҷикистон дар соҳаи маорифу тандурустӣ ба роҳ монда шуда бошад, баъди он давлати Ҷопон ба сохтмону таҷдиди роҳҳо ва рушди кишоварзӣ рӯй овардааст. Акнун давлати Ҷопон пешниҳодоти Ҳукумати Тоҷикистонро барои иштирок дар амалӣ шудани лоиҳаҳои бузургҳаҷм мавриди омӯзиш қарор додааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






