БУҶАИ СОЛИ 2011 ХУСУСИЯТИ ИҶТИМОӢ ДОРАД
Душанбе, 12 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Точикистон барои соли 2011» -ро қабул кард. Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни баромади худ гуфт, ки қисми даромади буҷаи соли 2011-ум 8,3 миллиард ва бахши хароҷоти он 8, 6 миллиард сомониро бо касри 300 миллион ташкил медиҳад. Буҷаи соли 2011 хусусияти иҷтимоӣ дошта, барои бахши маориф, тандурустӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар наздики 4 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Барои ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа бошад 1,4 миллиард сомонӣ, бо афзоиши 317 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки сиёсати буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 давоми мантиқии буҷаи соли ҷорӣ буда, пеш аз ҳама ба афзалиятҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии озуқаворӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ равона гардидааст. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷаи давлатӣ дар соҳаҳои номбурда 6137,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он 71,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷавӣ дар соли 2011 мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






