ГАЗВОРИ ПАХТАГИН ЧАРО КАМ ШУД?
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти металлургияи ранга ба 103 фоиз расида бошад, дар корхонаҳои мошинасозӣ ва коркарди фулузот ба маблағи 168,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Корхонаҳои электротехникӣ маҳсулоти худро 1,5 баробар ва мошинсозӣ 108, 1 фоиз истеҳсоли маҳсулоташонро зиёд карданд. Дар айни ҳол маҳсулоти корхонаҳои мошинсозии кишоварзӣ 35, 1 фоиз кам шудааст. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти саноати сабук ба 644 млн. сомонӣ расонида шуда, корхонаҳои саноати пахтатозакунӣ, кашбофӣ ва дӯзандагӣ ҳаҷми маҳсулоти худро мутаносибан 115,2, 101,2 ва 154 ,5 фоиз зиёд намуданд. Дар айни замон, истеҳсоли корхонаҳои саноати газвори пахтагин 97,3 ва абрешимӣ 76,7 фоиз кам гардид. Ин дар ҳолест, ки ашёи хоми ин навъи маҳсулот дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст ва ҷумҳурӣ аз норасоии ин навъи маҳсулот танқисӣ намекашад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






