ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА 5,9 ФОИЗ КАМ ШУД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ – октябри соли 2010 дар ҳами сохторҳои хоҷагӣ 7 млрд.345,2 млн.сомониро (бо нархҳои ҷорӣ) ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 6,1 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 5 млрд. 336,7 млн. сомонӣ ва чорводорӣ 2 млрд. 8,5 млн. сомониро ташкил додааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои кишоварзии вилояти Хатлон 3 млрд. 690 млн. сомонӣ, вилояти Суғд 2 млрд. 63 млн. сомонӣ, ВМКБ 234,6 млн. сомонӣ ва дар НТҶ 1млрд. 356 млн. сомониро ташкил намуд. То 1- уми ноябри соли 2010 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагӣ 1млн. 126 ҳазору 845 тонна ғалла, 303 ҳазор тонна пахта, 613 ҳазору 531 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба соли 2009 8,2 фоиз картошка, 17 фоиз пахта ва 5,9 фоиз ғалла камтар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






