КӮМАКИ БОНКҲО БА СОҲИБКОРОН

Ноябрь 24, 2010 10:22

      Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, дар шаҳри Ваҳдат 4 бонк ва 12 ташкилоти ғайридавлатии қарздиҳандагони хурд фаъолият менамоянд, ки ба ташкилоту  корхонаҳо, муассисаю хоҷагиҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ хизмат мерасонанд.             Дар моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна ба маблағи 30 млн. 791 ҳазор сомонӣ  қарзҳои кӯтоҳмуддат, аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ 6 млн. 880 ҳазор сомонӣ, тиҷорат -14 млн. 884, саноат – 2 млн. 276 ва сохтмон 345 ҳазор сомонӣ дода шудааст.             Бояд иброз дошт, ки дар рушди соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷорату сохтмон нақши  маблағҳои тавассути  бонкҳо воридшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳру ноҳияи Ваҳдат низ калон аст.             Дар  давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи муҳоҷирон ба воситаи бонкҳои шаҳр  бо курси асъори миллӣ 342 млн.248 ҳазор  сомонӣ  маблағ ворид гардид, ки он ба ҳар   оилаи муқими  ноҳия 9479 сомонӣ рост меояд.    

Ноябрь 24, 2010 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд