МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ВИҶАЙ КУМАР СИНКҲ
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди Артиши Ҳиндустон Виҷай Кумар Синкҳро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд. «Мақоми муҳим доштани ҳамкории низомии Тоҷикистону ҳиндустон дар муносибатҳои дўстонаи ду кишвар нишонаи шарикӣ ва эътимод аст», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз сатҳи баланди муносибатҳо ва пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Мубодилаи иттилооту таҷриба дар муборизаи байналмилалии зиддитеррористӣ, кўмакрасонии техникӣ ва омодасозии кадрҳо барои қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории низомии ду кишвар арзёбӣ гардид. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистону таъсири манфии он ба кишварҳои ҳамсоя ва тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон доир ба таҳкиму тақвияти амнияти минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






