ЁДЕ АЗ ШОИРИ ВАССОФИ СУЛҲ

Декабрь 7, 2010 15:24

       Душанбе, 7 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Сангзода  Муслиҳиддин).- Дирӯз   дар факултаи таърихи  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон   бахшида ба  100 солагии  шоир  ва Қаҳрамони   Тоҷикистон  Мирзо  Турсунзода  маҳфили  илмӣ-фарҳангӣ   баргузор  гардид. Мудири  кафедраи       муносибатҳои   байналхалқии  факултаи  таърих   профессор  Ниёз  Мирзоев   зимни  суханронии худ  зикр намуд, ки  Мирзо  Турсунзода  яке  аз чеҳраҳои      машҳури адабиёти   даврони  шӯравӣ   аст, ки ӯро на танҳо   дар дохили кишвар,   балки    хориҷ аз он низ    ҳамчун   шоир  ва   сиёсатмадор   мешиносанд.   Баъдан     устодон ва   донишҷӯён  роҷеъ   ба ҳаёту   фаъолияти   Мирзо Турсунзода     суханронӣ намуда, аз ашъораш шеърҳо   қироат   намуданд.    Ҳадафи  аслии  баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ       хубтар ошно   намудани  донишҷӯён   бо  фаъоилияту   эҷодиёти   чеҳраҳои  шинохтаи   мардуми  тоҷик мебошад.    

Декабрь 7, 2010 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид