ВАЗЪИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҚИТЪАИ ЗАМИН ДАР СУҒД

Февраль 11, 2011 15:34

    Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Баҳри таъмин намудани аҳолии эҳтиёҷманди вилояти Суғд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ то ин давра аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ 9 868 гектар замин ҷудо гардид.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо мақсади оқилона ва одилона тақсим намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ қарори Раиси вилоят аз 3 июни соли 2010 «Дар бораи комиссияи назоратии тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ», комиссияи босалоҳият аз ҳисоби кормандони масъули ташкилотҳои вилоятӣ, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳизбҳои амалкунанда ва васоити ахбори омма дар ҳайати 51 нафар ба тавсиб расида, чунин комиссияҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ фаъолият намуда истодаанд. Шумораи умумии аъзои комиссияи ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 600 нафарро дар бар гирифта, дар ҷамоату шаҳракҳо низ комиссияҳо ташкил шудаанд.     Тибқи маълумоти аз тарафи шаҳру ноҳияҳо пешниҳодгашта, шумораи умумии аризадодагон дар миқёси вилоят то ин давра 108 481 нафарро ташкил медиҳад. Дар муддати сипаригашта 70 900 ариза аз тарафи комиссияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 8 105 адад аризаи шаҳрвандон бинобар мутобиқ набудан ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад шудаанд.   То ба имрўз ба 24 962 оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Нашри рўйхати шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар рўзномаҳои ноҳиявии Шаҳристон, Ашт, Спитамен, Панҷакент, Ғафуров ва Расулов ба роҳ монда шуда, ҷиҳати тақсими замин барномаҳои телевизионӣ пешкаши аҳолӣ мегарданд.     Масалан дар ноҳияи Мастчоҳ барои эҳтиёҷмандон 300 гектар замин ҷудо шуда, бо назардошти инфрасохтори маҳал мактабҳо, нуқтаҳои хизмати маишӣ, тиб ва дигар иншоот қитъаҳои замини боқимонда ба 2 160 нафар ба миқдори 0,10 гектар барои ҳар оила пешбинӣ шудааст. Ин нишондиҳанда мувофиқи ҷамоати шаҳраки Бўстон 277 нафар, ҷамоати деҳоти Авзикент 61 нафар, Палдорак 420 нафар ва Оббурдон 1 011 нафарро дар бар мегирад.    Баҳри тақсимоти одилонаи қитъаҳои замин бо қарори раиси ноҳия аз 14 июни соли 2010 комиссияи ноҳиявӣ бо роҳбарии Д.Норов- муовини раиси ноҳия ва 34 нафар аъзо аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ба тасвиб расид.   Ҳамзамон, чунин комиссияҳо дар ҷамоату шаҳракҳо бо ҷалби 67 нафар кормандони масъул таъсис дода шуда, то ин давра 2 160 адад аризаи шаҳрвандон баррасӣ ва ба комиссияи ноҳиявӣ пешниҳод шудаанд. Аз ин миқдор аризаи пешниҳодгашта то имрўз ба 1 769 оила қитъаи замин дода шудааст. 

Февраль 11, 2011 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад