ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллох).- Cанаи 9-10 марти соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ миёни дастпарварони то синни 18 солаи мактабҳои варзишӣ дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон доир гардид. Дар он дастаҳои варзишии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар вазни 42 кг варзишгарон Ойев Сунатулло — соли таваллудаш 1997, намояндаи дастаи варзишӣ аз шаҳри Ваҳдат ба ишғоли ҷойи аввал, Холов Сӯҳроб — соли таваллудаш 1997, намояндаи дастаи варзишии Хатлон-1 ба ишғоли ҷойи дуюм ва Солеҳҷони Нурулло — соли таваллудаш 1997, намояндаи дастаи варзишии Хатлон- 2 ба ишғоли ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Дар вазни 46 кг варзишгарон Ҷаҳонгири Абдулвоҳид, Мурсаев Меҳрониддин ва Бобоҷонов Исуф ғолиб омаданд. Дар вазни 50 кг варзишгарон Парвиз Бегов, Баҳриддин Нуриддинов ва Дилшод Тӯраев дастболо гардиданд. Иттилои мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






