«САНГОБ» «АЙНИ» СОХТАНИСТ
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст бо саволи: -«Таваҷҷӯҳи минбаъдаи ҶИЭ – ро дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр арзёбӣ кардан мумкин аст?» муроҷиат намуд. — Чанде пештар як ҳайати мутахассисони эронӣ бо мақсади ошноӣ бо сохтмони нерӯгоҳҳои Нуробод ва мавқеи бунёди он ба Тоҷикистон сафар намуданд ва айни замон ин масъала мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дорад,- ҷавоб дод сафири фавқулодда ва мухтори ҶИЭ дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст. Ширкати «Сангоб» -и Эрон айни замон дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда -2» корҳои сохтмониро идома медиҳад ва дар назар аст, ки то тирамоҳи соли ҷорӣ иншооти мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ширкати мазкур корҳои минбаъдаи худро дар сохтмони нерӯгоҳи «Айнӣ» дар дарёи Зарафшон идома мебахшад.Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сохтмони нерӯгоҳҳои «Нуробод -1» ва «Нуробод -2» дар дарёи Хингоб саҳм гирифтанашро низ рад накардааст,- афзуд сафир.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






