ЁДБУДИ АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Пагоҳ, 11 март дар толори раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100 солагии зодрӯзи адиб, олим ва луғатнигори маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ конфронси илмӣ баргузор мегардад. Дар конфронси мазкур иҷрокунандаи вазифаи ноиби Президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ Кароматулло Олимов ва муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов сухан мегӯянд. Дар бораи фаъолияти шоирии Абдусалом Деҳотӣ доктори илмҳои филология Ш.Раҳмонов, дар бораи фаъолияти луғатнигории Деҳотӣ номзади илми филология А.Сангинов ва дар мавзӯи Деҳотӣ- фолклоршинос доктори илми филология Д.Обидов маърӯза менамоянд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






