Ҳамкорихои дучониба густариш меёбанд
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо мусоидати Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон (JICA) дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод семинар дар мавзӯи «Идоракунии захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва идораи тиҷорат» баргузор гардид. Дар кори он намояндаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва шарикони рушд иштирок намуданд.Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Назриев дар ин маъракаи муҳим иброз дошт, ки Агентии мазкур ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст. Семинари мазкур ба рушди бахши хусусӣ равона гардидааст ва яке аз соҳаҳои афзалиятнок барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузариш ба иқтисод бозаргонӣ ба ҳисоб меравад. Роҳбари доимии Агентӣ Иида Ҷиро ҳадафҳои семинарро муаррифӣ намуд. Вай қайд намуд, ки семинар бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кадрии бахши хусусӣ ташкил шудааст, зеро бахши хусусӣ қувваи асосии пешбаранда дар равандҳои иқтисодию иҷтимои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Лозим ба ёдоварист, ки Агентии байналмиллалии ҳамкории Ҷопон (JICA) мусоидати техникии худро ба Тоҷикистон аз соли 1991 оғоз намуда, соли 2006 намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодааст. Агентӣ барномаҳои зеринро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда истодааст: «Барномаи ҳифзи саломатии модару кӯдак», «Барномаи бо обтаъминкунӣ», «Барномаи пешгирии офатҳои табиӣ», «Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи рушди деҳот ва саноат», «Барномаи беҳтаргардонии роҳҳо ва нигоҳдории онҳо» ва «Барномаи рушди иқтидор».








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






