… по бар лаби дарё манеҳ

Июль 26, 2011 13:24

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, танҳо дар давоми як ҳафта 3 нафар ҷавонони наврас ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуданд, ки ин ҳодисаи ягона нест. Ба иттилои манбаъ шумораи умумии ғарқшудагон дар моҳҳои июн – июли соли ҷорӣ дар рӯдхонаю обанборҳои ҷумҳурӣ ба 66 нафар расидааст, ки ин нисбат ба соли 2010 ду баробар зиёд аст. Танҳо шумораи ҷавонони дар иншооти обии вилояти Хатлон ғарқшуда то имрӯз 11 нафарро ташкил медиҳад.Ба гуфти сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиии вилояти Хатлон Ҳокимшо Шарифов, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ соли ҷорӣ ситод бо 2 таҷҳизоти наҷотдиҳии «Ғаввос» таъмин гардид, ки қаблан чунин таҷҳизот вуҷуд надошт. Таҷҳизоти нав имкон медиҳад, ки ғаввосон дар чуқурии зиёд ҳам одамонро аз ғарқшавӣ наҷот бахшанд ё кофта берун оранд.Агар аз ғарқшавӣ наҷот додани одамон як тарафи масъала бошад, тарафи дигари он оббозӣ кардани нафаронест, ки аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ намебароянд. Беҳуда нагуфтаанд: «Гар шиновар нестӣ, по бар лаби дарё мазан!»- Мардум набояд дар он ҷойҳое, ки барои оббозӣ кардан хатарноканд, оббозӣ кунанд, зеро он ҷо метавонад оҳан, шиша, санг ва чизҳои дигаре бошад, ки кас ҳангоми оббозӣ ба онҳо бархӯрда ҳаёти худро зери хатар гузорад,- мегӯяд сардори Раёсат оид ба корҳои тарбияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ полковник Мунира Назариева.

Июль 26, 2011 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид