Ҳизбе, ки манфиатҳои ҷомеаро ҳифз менамояд
Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9 сентябр таҷлил мегардад, бо ибтикори Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар саросари ҷумҳурӣ 3 ҳазор маҷлису чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ баргузор карда шуд. Матлаби мазкурро Сафар Сафаров, муовини аввали Раиси ҲХДТ зимни суханронияш дар конфронси илмӣ-амалӣ, ки таҳти унвони «Ҳизби зодаи Истиқлолият» дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт. Мавсуф афзуд, ки ҲХДТ заминаи боэътимод ва қавии иқтисодию иҷтимоӣ дошта, нақши он дар пешбурди ҳаёти сиёсии кишвар ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи Тоҷикистон калон аст.Бояд тазаккур дод, ки алҳол ҲХДТ дар сафҳои худ 150 ҳазор нафарро муттаҳид менамояд, ки аз он 6 ҳазор нафарашро занон ва 50 ҳазорашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Чанде қабл иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ бо номи «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд, ки як қаноти ҲХДТ ба шумор рафта, дар худ ҷавононро муттаҳид менамояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






