Азнавсозӣ дар бозори « Ҳулбук»

Сентябрь 26, 2011 16:27

Восеъ, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Корҳои сохтмонӣ дар бозори «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ муташаккилона ҷараён дошта, мувофиқи лоиҳа дар дохили бозор 6 мағоза ва дар масоҳати 200 метри мураббаъ барои 100 нафар ҷойи нишаст сохта ба истифода дода мешавад. Маҳмадкарим Мӯъминов, директори бозори мазкур гуфт, ки бозор дорои 700 ҷои нишаст буда, дар он молу маҳсулоти ниёзи мардум яклухт ба фурӯш бароварда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки нархи маҳсулоти бозор нисбат ба бозорҳои дигар фарқ дошта, гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, тухм ва дигар маҳсулот бо нархи қариб як маротиба арзон ба фурӯш бароварда мешаванд.

Сентябрь 26, 2011 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад