Баистифодадиҳии бинои осмонбӯси Душанбе
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тавре иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро қайчӣ намуда, бинои осмонбӯси «Душанбе-Плаза» -ро дар маросими тантанавӣ мавриди истифода қарор дод. Бинои мазкур дар маркази пойтахт, дар бурриши кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Бухоро ҷойгир аст. Майдони умумии он 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландии бино 92 метр буда, он аз 22 ошёна иборат аст.Ёдовар мешавем, ки сохтмони иншооти мазкур 12 октябри соли 2009 оғоз ёфта буд. Барои сохтмони ин иншоот аз буҷаи пойтахт 164 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.Фармоишгари он Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ –Сохтмон- Байналмилал» пудратчиаш мебошад. Лоиҳаи «Душанбе-плаза» аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Шаҳрофар» тарҳрезӣ гардидааст.Ошёнаҳои 1, 2 , 3, 4 ва 5-уми бино барои марказҳои иттилоотӣ,намоишгоҳҳои сайёр, мӯд, толорҳо бо утоқҳо барои машваратҳои расмӣ дар сатҳи олӣ, утоқҳо барои намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ махсус гардонида шудаанд. Дар айвонҳои ошёнаҳои 6 ва 19 тарабхонаҳо барои 200 ва 60 ҷой вуҷуд дошта, ошёнаҳои 7-15-утоқҳои маъмурӣ, идора (офис), ошёнаҳои 17, 18 ва 20 меҳмонхона барои 40 ҷой (аппартаментҳо) аст.Дар ошёнаҳои 21-22 утоқҳои техникӣ ҷойгиранд. Ҳамчунин, «Душанбе плаза»- дорои таваққуфгоҳ буда, он аз ду ошёнаи баландии ҳар кадомаш 3 метрӣ иборат аст. Масоҳати таваққуфгоҳ 5000 метри мураббаъ аст, ки он барои 100 автомашина пешбинӣ шудааст. Иншооти замонавӣ дорои 12 лифт, аз ҷумла 4 лифти манзаравӣ, 2 лифти борбардори то 1000 кг, 4 лифти борбардори 100 кг ва 2 лифти борбардори 630 кг аст. Ба истифода додани «Душанбе-плаза» дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти ҷумҳурӣ на танҳо ба ҳусни пойтахти тоҷикон шукӯҳи хосса зам менамояд, балки он пайки некест аз корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар.Президенти кишвар зимни ифтитоҳи ин бинои баланди замонавӣ суханронӣ намуда зикр кард, ки бунёди чунин биноҳои боҳашамат нишони осудагӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






