Дар се ноҳияи ҷумҳурӣ ҷамъоварии гандум ба охир расид
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дарав ва кӯфта гирифтани гандум дар ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара ва шаҳри Роғун анҷом ёфт. Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара ва шаҳри Роғун мутаносибан дар майдони 1 936, 1120 ва 1228 га гандум кишт шуда, беталаф ҷамъоварӣ гардид. Дар ноҳияи Нуробод аз масоҳати 1936 га ба миқдори 2783 тонна дар ноҳияи Тавилдара аз майдони 1120 га – 2640 ва дар шаҳри Роғун аз масоҳати 1228 га 1547 тонна гандум гирифта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар дар ин ноҳияҳо ва шаҳри Роғун мутаносибан 14,4, 23,6 ва 12,6 сентнериро ташкил додааст. Инҷо саволе матраҳ аст, ки дар сурати аз ҳар як гектар гирифтани -14,4 ва 12,6 сентнерӣ ҳосили гандум, ки асосан маҳсули хоҷагиҳои ноҳияҳои Нуробод ва шаҳри Роғун мебошад, магар хароҷоти кишт ва ҷамъоварии он пӯшонида мешавад? Агар не, бояд он чиз кишт ва парвариш шавад, ки нафақат маблағи хароҷоти сарфшуда ба даст оварда шавад, балки ду – се маротиба бештар фоида низ оварда тавонад. Шояд олимону мутахассисони соҳа дар чунин ноҳияҳое, ки ба кишти ғалла чандон мувофиқ нестанд, кишту парвариши дигар навъҳои зироат, боғу ток, ҷангал ва ё парвариши чорворо тавсия диҳанд. Ин вақтро талаб мекунад, аммо мардум дар замоне, ки нарасидани маводи ғизоӣ тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба зиндагии беҳтару хубтар ниёз доранд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






