Корхонаи муштараки Тоҷикистону Лаҳистон бунёд мешавад
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 28 сентябр дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар ҶТ Мариан Пшездзитски дурнамои ҳамкории мутақобилан муфиди миёни соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон мавриди муҳокима қарор гирифт.Тавре дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Шариф Саид рушди босуръати ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро зикр намуда, афзалиятҳои вазъи инвеститсионии Тоҷикистонро васф карда, ҷониби Лаҳистонро даъват намуд, ки дар намоишгоҳи универсалии «Тоҷикистон — 2011», ки бояд 27 – 29 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, иштирок намояд.Мариан Пшездзитски дар навбати худ зикр намуд, ки дар чаҳорчӯбаи доир намудани иҷлосияи дуюми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки 27 – 28 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, семинари тоҷирон ва биржаи равобит бо иштироки соҳибкорони ҳар ду кишвар рӯи кор оварда мешавад. Шариф Саид ба манзури рушду тақвият бахшидани ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки соли 2012 ба муносибати 20 – солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатии байни кишварҳо намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Лаҳистон дар Тоҷикистон доир карда шавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






