Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо намояндагони ширкати «Santos»-и Австралия
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 17 сентябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо намояндагони ширкати «Santos»-и Австралия, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овардаанд, мулоқот намуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қоҳир Расулзода оид ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, соҳаҳои муҳими хоҷаги халқии вилоят, дастовардҳои мардуми минтақа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, равобити иқтисодии вилоят бо ширкатҳои хориҷӣ ва фароҳам омадани шароити мусоид барои фазои сармоягузорӣ маълумот дод.Роҳбари гурӯҳи корӣ, роҳбари лоиҳаҳои сармоягузории ширкати «Santos»-и Австралия дар кишварҳои Осиё Билл Овенден ба раиси вилоят дар бораи ҳадафи сафари корӣ ва фаъолияти ширкати мазкур ҳарф зада, таассуроти неку рангини худро аз Тоҷикистон, бахусус аз сарватҳои нодири зеризаминӣ, табиати дилфиреб ва мардуми меҳнатқарин ва меҳмондӯсти Тоҷикистон изҳор дошт. Ёдовар мешавем, ки ширкати мазкур аз соли 2008 инҷониб дар Тоҷикистон дар самти иктишофи конҳои нафту газ фаъолият менамояд. Маврид ба зикр аст, ки сафари ҳайати кории ин ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри рушд ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Австралия дар самти истихроҷ ва истеҳсоли нафту газ мусоидат хоҳад намуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






