Таҷлили ҷашни созмони ҷамъияти тоҷикон

Сентябрь 29, 2011 11:03

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Ҳафтаи гузашта дар яке аз шаҳрҳои қадимаи Русия – Твер ба ифтихори 10 – солагии таъсиси «Ҷамъияти фарҳанги тоҷикон» иди бошукӯҳе баргузор гардид. Ба ин муносибат дар Қасри фарҳанги шаҳри Твер маҷлиси ботантана ва консерти идона баргузор шуд. Роҳбари маъмурияти шаҳри Твер Василий Борисович Толоко ва роҳбари созмони ҷамъиятии «Ҷамъияти фарҳанги тоҷикон» Муқим Майбалиев зимни суханрониашон аз ризоияти байнимиллӣ ва решаҳои таърихии дӯстии Русия ва Тоҷикистон нақл карданд,Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.Роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев зимни суханрониаш иброз дошт, ки ҷашни созмони ҷамъиятии тоҷикон ба таври рамзӣ дар рӯзҳои таҷлили 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Номбурда ҳозиронро бо ин санаи фархунда муборакбод намуд. Асрор Одинаев зикр намуд, ки имконияти ҳамкории мутақобилан муфиди байнидавлатӣ бузург буда, президентҳои ҳар ду давлат ният доранд, ки ин захираҳоро ба таври самарабахш истифода намоянд.

Сентябрь 29, 2011 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид